Бахшҳо

Ҳалокати як корманди милиса бар асари селхезӣ

Корманди 44-солаи шӯъбаи БДА-и ноҳияи Рашт бар асари селхезӣ ҷони худро аз даст додааст. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ, шоми дирӯз автомобили Саидхоҷа Толибов, аснои ҳаракат дар ҷодаи  Рашт-Навобод бо сел бархӯрд карда, ба дарёи Сурхоб сарозер шудааст. Ҷасади ӯ субҳи имрӯз пайдо ва ба наздиконаш супорида шуд.
Ҳамчунин, бориши сел ва  жолаи рӯзи 12 июн дар вилоёти Суғду Хатлон ва Бадахшон низ бойиси хисорот ва валангор гаштани манзили маскунину муассисаҳои давлатӣ гаштааст. Ба гуфтаи Нигора Солиева, корманди дафтари матбуотии кумитаи умури изтирорӣ, дар рустоҳои Понғоз, Саро, Бободархон ва Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар натиҷаи ҷорӣ шудани сел 86 манзили маскунӣ, 500 метр хатти барқ, 11 километр роҳи мошингард ва як пул хароб гардидааст. Борандагии шадид ва сел ба шаҳру навоҳии Панҷакент, Қайроққум, Шаҳристон ва Ғончии ин вилоят хисороти ҷиддии иқтисодӣ ворид кардааст.
Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ва Ёвони вилояти Хатлон низ бар асари бориши сел, беш аз 80 хона ва як мактаб осеб дидаанд.

 

Ёдрас менамоем, чанде қабл дар пайи боришоти пай дар пай ва ҷоришавии сел дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ду нафар бародарон зери селоб монда, ба ҳамин монанд дар рустои Шингаки ноҳияи Панҷакент як духтари 18-сола ҷони худро аз даст дода буд.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)