Баъди чанд лаҳза (соати 16:00) дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар доираи даври ниҳойии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон футбол мезананд.
Ёдовар мешавем, дар сабқати Ҷоми президенти АФК шаш даста да ду гурӯҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Ба гурӯҳи «А» «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Дардой»-и Қирғизистон, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа шомиланд. Гурӯҳи «В» аз «Ал-Аммари»и Фаластин, «КРЛ»-и Покистон ва «Тайван Пауэр Компани»-и Тайбэйи Чин мураккаб шудааст.
Ғолиби Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё 50 ҳазор доллари амрикоӣ мегирад.
Мӯҳр