Дар Тоҷикистон тайи як соли охир нархи гӯшти гусфанд 21 дарсад қимат шуда, тибқи маълумоти расмӣ ба ҳисоби миёна ҳоло як килои он 33 сомонию 13 дирам фурӯхта мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи июни соли равон як кило гӯшти гусфандро аз нуқтаҳои савдо бо арзиши 30 сомонӣ харидан мумкин буд: «Феълан, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон» мушоҳида шудааст. Як кило гӯшти гусфандро ин ҷо 34 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд. Ин нишондод дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои «Саховат»-у «Шоҳмансур» ба 33 сомонӣ баробар аст. Дар бозори «Варзоб» бошад, 32 сомонӣ»,-афзуд манбаъ.
Болоравии нархи гӯшт дар ҳолест, ки тибқи хабарҳои оморӣ давоми 7 моҳи аввали имсол дар кишвар истеҳсоли гӯшт 6 фисад зиёд шуда, 67 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Саршумори бузу гӯсфанд дар кишвар тайи ин муддат 202 ҳазор сар афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр