26- нафар соҳибкорони ноҳияи Шаҳритус ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.Тибқи иттилои Мурод Ашӯров,
масъули матбуотии агентии Тоҷикстандарт барои риоя накардани қонунҳои соҳавӣ, санаду ҳуҷҷатхои меъёрӣ, ки маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ набударо ба фурӯш гузоштаанд, ин теъдоди тоҷирон аз ҷониби масъулини маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Шаҳритус ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аз ин гурӯҳи соҳибкорон ба миқдори 59 ҳазору 50 сомонӣ ҷарима руёнида ба буҷаи давлат супорида шуд. Гузашта аз ин, кормандони ин марказ тӯли ду моҳи ахир дар нуқтаҳои фурӯши ноҳияи Шаҳритус 39- санҷиш гузаронида, дар натиҷа ба 7- нафар соҳибкор огоҳномаи ислоҳи камбудӣ ва 11 -ҳолат огоҳномаи манъи фурӯши маҳсулоти ғайристандартиро муқаррар намудаанд. Бино ба қавли манбаъ, маҳсулоти аз фурӯш бозмондаро асосан чой, равған ва маҳсулоти қанодию ширӣ ташкил медиҳанд.
Мӯҳр