«Нақши Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон баргузор гардид.
Шоҳида Худойбердиева, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент зимни суханронӣ дар нишаст нақши Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриро бобати ба вуҷуд омадани журналистикаи босифат ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон муҳим арзёбӣ намуд.
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО оид ба таърихи фаъолияти ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ ширкаткунандагонро ошно сохта таъкид намуд, ки ҳар шахси манфиатдор метавонад дар сурати вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ ба Шӯро бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунад.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, узви шӯрои мазкур перомуни ҳолатҳои риоя нашудани меъёрҳои ахлоқӣ изҳори назар карда, оид ба зарурати худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ бо мисолҳо назарашро шарҳ дод.
Ҷамъомадагон, ки мақомоти давлатии ҳокимияти шаҳр, маҳаллаҳо ва ҷомеаи рӯзноманигории шаҳрро намояндагӣ мекарданд, дар муҳокимаи баромадҳои аъзои Шӯрои ВАО фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷумла ба риоя гардидани меъёрҳои ахлоқӣ дар нигоштаҳои рӯзноманигорони минтақаӣ ва ҷумҳуриявӣ таваҷҷӯҳи бештар равона гардид.
Мӯҳр