Аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 7054 сомонӣ пули нақдро ба яғмо бурдаанд.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки 29-уми сентябри соли равон шахси номаълум пинҳонӣ вориди нуқтаи фурӯши сӯзишвории иҷоравии Шукриддин Абдураҳимови 45 сола, сокини ҷамоати деҳоти Лолагии ноҳияи Файзобод шуда, 7054 сомонӣ пули нақдро рабудаанд.
«Дар пайи амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Файзобод бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят Рустам Икромови 37 сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Федина дастгир карда шуд. Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр