Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 690- солагии ғазалсарои бузурги форсу тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ чорабинии калони фарҳангӣ бо иштироки дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ин маҳфил, ки «Ширу шакар» унвон дошт, ғазалҳои шоир ва суруду таронаҳои ҳофизон бар ашъори Шайх Камол садо доданд. Аҳли толор баромади ровиёни ҷавонро аз факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва сурудҳоро дар иҷрои ҳофизон Шариф Ниёзов, Абдукарим Аиминов, Носир Раҳимов, Яков Константинович Балабушко, Абдукарим Аминов, Фарҳод Мақсудов, ансамбли мақомсароёни навраси «Мерос»-и Хонаи маданияти №1 бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.
Дар чорабинӣ роҳбари Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилоят оғои Ризо Шоҳмуродӣ ширкат дошт ва зимни баромадаш изҳор дошт, ки аз гиромидошти солгарди Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки чун шоири тамоми форсизабонони дунё шинохта шудаасту марқадаш имрӯз дар шаҳри Табрези Эрон ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст, хеле мамнун аст. Ин гуна чорабинӣ ба мутсаҳкамшавии дӯстиву рафоқати мардуми Эрону Тоҷикистон, ки ҳамхуну ҳамфарҳанганд, мусоиат мекунад.
Зимнан, аз номи раёсати кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроияи вилоятии ҳизб, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Юнусов баромад карда, ба иштирокчиёни чорабинӣ арзи сипос кард ва ба ҳунармандону ровиён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд
Мӯҳр