Театри давлатии «Лухтак»-и шаҳри Томски Русия бо намоишномае бо номи «Афсонаҳои сибирӣ» ба Душанбе меояд.
Кенҷа Иброҳимов, директори театри «Лухтак»-и шаҳри Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, театри давлатии «Лухтак»-и шаҳри Томски бори аввал аст, ки ба Душанбе сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад. Намоишномаи мазкур аз 8-ум то 15-уми октябр дар театри «Лухтак» манзури тамошобинони хурдсол мешавад. «Ҳамчунин дар доираи ин сафар мутахасисони театр ба ҳамкасбони тоҷики худ дарсҳои тахасусӣ меомӯзанд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр