Созмони Авфи Байналмилал аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хост барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои кишвар тадбир биандешад.
Изҳороти созмон рӯзи 5-уми октябр, дар рӯзи таввалуди Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар баёния омадааст, ки мехоҳад дар ин рӯз сарнавишти қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон ёдрас кунад, ки баъзе аз онҳо то 30 солагӣ нарасидаанд ва баъзеи дигар бо муҳокимаҳои ноодилона ба зиндон андохта шудаанд.
Авфи Байналмилал мегӯяд, иттилои мӯътамаде дорад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон даҳҳо нафарро азияту шиканҷа кардаанд. Бино ба ин изҳорот маъмурони амниятӣ аз ҷумла барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳе, боздоштшудаҳоро ба нерӯи барқ мемонанд, лату кӯб ва ё ҳатто таҷовузи ҷинсӣ мекунанд.
Мӯҳр