Бахшҳо

Ҷоми Тоҷикистон бори шашум насиби «Регар-ТадАЗ» шуд

Тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 7:6 шикаст дода, барои шашумин бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Бозии ниҳоии сабқати футбол барои Ҷоми Тоҷикистон рӯзи гузашта дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и маркази вилояти Суғд ҷараён гирифт.

Торнамои ФФТ навиштааст, вақти асосии бозӣ мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 80-уми дидор ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 90 Фаррух Чориев, бозигари «Регар-ТадАЗ» Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқол»-ро дар ҷаримагоҳ тела дод. Равшан Ишматов, довари майдон ба дарвозаи «Регар-Тад-АЗ» зарбаи ёздаҳметра таъин кард. Дилшод Восиев, капитани дастаи «Истиқлол» ҳисобро баробар намуд.

Ду даври 15 дақиқаӣ натавонист ҳисобро тағйир диҳад. Аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони «Регар- ТадАЗ» бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуданд.

Азизбек Раҷабов, муовини раиси ФФТ ба ғолибон Ҷом ва сертификат ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ супурд. Инчунин бозигарону мураббиён ва роҳбарони дастаи ғолиб бо медалҳои тило мукофотонида шуданд. Фирдавс Файзуллоев, дабири Кулли ФФТ ба дастаи «Истиқлол» барои ҷои дувум медалҳои нуқра ва сертификат ҷоизапулӣ ба мабағи 20 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта низ тими «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуда буд. Голи ягонаро Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонид.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)