Дар ин бора Рустам Раҳматов, райиси ноҳияи Айнӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.
Ба қавли ӯ, рӯзҳои наздик боздиди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Айнӣ дар назар аст ва аз ин рӯ дар масири Айнӣ-Панҷакент чунин тасмим аз сар гирифта мешавад: «Дар ҷараёни сафари президент на танҳо масъалаи роҳи миёни Айнӣ ва Панҷакент, балки таъмири дигар роҳҳо низ дар назар дошта шудааст. Ҳоло фасли сармо дар пеш аст ва барои нигоҳдории роҳҳо техникаву таҷҳизот омода аст».
Маврид ба ёдоварист, чанде пеш масъулини Бонки Осиёии Рушд иброз намуда буданд, ки ба Тоҷикистон барои таъмири роҳҳои мошингард 100 миллион доллар медиҳанд, ки ин маблағ барои таъмири 113 километр роҳи миёни Айнӣ ва Панҷакент масраф хоҳад шуд.
Мӯҳр