Фардо, 10-уми октябр Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон озими Қирғизистон мешавад.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сӯхангуи ин ниҳод ба Озодагон гуфт, ҳадаф аз ин сафар иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои муҳоҷирати кишварҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои сиёсати муҳоҷират дар назди Кумитаи интегратсиони ЕврАзЭС мебошад. Дар назар аст ин ҳамоиш, рӯзҳои 10 то 12- уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Қирғизистон идома кунад.
Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст масоили вазъи муҳоҷирати кишварҳо ИДМ, раванди татбиқи қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо, шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, Шӯрои роҳбарони сохторҳои муҳоҷиратии кишварҳои ИДМ дар соҳаи муҳоҷират, раванди татбиқи қарори Шӯрои байнидавлатии ЕврАЭС баррасӣ хоҳад шуд.
Манбаъ афзуд, зимни ин ҷаласа масъалаи татбиқи барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират низ матраҳ мегардад.
Мӯҳр