Вазорати мудофиаи Бритониёи Кабир аз боздошти 7 хизматчии харбӣ бо иттиҳоми қатли як афғони бидуни аслиҳа хабар дод.
Гумонбарон хизмати низомиро дар қаламрави Афғонистон адо кардаанд. Онҳо баъди он дастгир шуданд, ки як сарбози дигар аз нақзи қавоиди амалиёти ҳарбӣ дар соли сипаришуда хабар дод. Гуфта мешавад, новобаста аз он ки мақтул ошубгар хонда мешавад, аммо ҳангоми амалиёти низомӣ ӯ бидуни аслиҳа буда ва ҳеч таҳдиде ба ҷони сарбозон надоштааст. Ҳоло аз рӯи ин қазия таҳқиқот идома дорад.
Мӯҳр