Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи чоруми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат паируфт.
Чунин ҷаласа ҳамасола бо ибтикори Маркази минтакавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ҷаласаи имсола намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, котиботи СММ ва намояндагии СММ дар Афғонистон ширкат варзиданд.
Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки ҷаласа аз се қисмат иборат буда, дар он масъалаҳои марбут ба арзёбии фаъолияти марказ тайи панҷ соли гузашта, тавсияҳо дар мавриди таҳкими иқтидори минбаъдаи он, алалхусус бо назардошти хурӯҷи қарибулвуқуи нерӯҳои байналмилал аз ҳудуди Афғонистон, мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
«Тоҷикистонро дар ҷаласа Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷии намояндагӣ карда, ба фаъолияти марказ баҳои мусбат дод ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минбаъдаи он пешниҳодҳои мушаххас иброз намуд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр