Зимни амалиёти кормандони Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур як гӯруҳ ҷавонон бо ҷурми авбошӣ дастгир шудаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, боздоштшудаҳо Манучеҳр Абдураҳмонови 18 сола, Алиҷони Муродалии 17 сола, Қосимҷони Иброҳимзодаи 21 сола, Искандар Шарифзодаи 20 сола, Аъзамҷон Ғаниеви 22 сола (истиқоматкунандаҳои кӯчаи Садриддин Айнӣ), Сомонҷон Аҳмадови 19 сола, Ҷаъфар Мирзоеви 17 сола (сокинони кӯчаи Бофанда), Анушервон Ҳалимови 16 сола (сокини кӯчаи Рӯдакӣ) ва Файзулло Самадови 17 сола (сокини кӯчаи Бухоро) мебошанд. «Ин ашхос рӯзи 16-уми октябр ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, назди Телевизиони «Сафина» қарор доштанашон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, аз ҳиссиёти авбошӣ байни якдигар ҷанҷол намудаанд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр