Дар шимоли кишвар аз аввали сол 342 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст.
Ҳусейн Оқилов, сардори раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба Озодагон гуфт, давоми 9 моҳи соли 2012 аз ҷониби кормандони раёсат 342 (2011- 251) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
«Паравандаҳои ҷиноӣ вобаста ба ин ҷиноятҳо асосан бо моддаҳои азхудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, сӯиистифода аз ваколати хизматӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, гириифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва соҳибкории ғайриқонунии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардидааст»,- афзуд Оқилов.
Мӯҳр