Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо пахши баёнияе нашри китоби «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияро шадидан маҳкум кард.
Дар ин «Роҳнамо» муҳоҷирон ба сурати лавозимоти корӣ, ба монанди белу ҷорӯб, андовачӯб тасвир шудаанд. Хадамоти муҳоҷират талаб кардааст, ки он паҳн карда нашавад. Аз ин пеш «Созандагони Ватан», ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ «Роҳнамо»-ро «таҳқири миллати тоҷик» номида буд. Ҷамъиятҳои тоҷикони Русия низ аз нашри он шадидан интиқод кардаанд. Консули ифтихории Тоҷикистон дар Петербург Назар Мирзода гуфтааст, бо ирсоли як номаи эътирозӣ барчидани ин «Роҳнамо»-ро аз шаҳрдор Георгий Полтавченко тақозо хоҳад кард.
«Роҳнамои муҳоҷирони корӣ» бо забонҳои русӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва узбакӣ аз чоп баромадааст.
Мӯҳр