Ифтихор, бародари хабарнигори шабакаи Би-Би-Си Искандари Фирӯз гуфтааст, ки ӯ ҳамоно дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи номбурда, аммо Ҷавоншер, писари Искандар аз беморхона рухсат шудааст. Табибон гуфтаанд, Ҷавоншер сиҳат ёфта ва ба саломатияш таҳдиде нест.
Ёдовар мешавем, Искандари Фирӯз ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер шаби 9-уми октябр бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳати вазнин бардошт ва дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло оварда шуд.
Бино ба иттилои БДА садама бо айби ронандаи «Тойота Ландкрузер» Айёмиддин Раҳмиддинзода рух додааст. Ӯ ки аз ҷониби Қарияи Боло ҳаракат мекардааст ба самти муқобили роҳ баромада, ба сабукрави «Тойота Камри»-и Искандар, зери идораи Ҷавоншер бармехӯрад.
Мӯҳр