Бахшҳо

«Амонатбонк» хати қарзиро бо юани хитойӣ ба роҳ монд

Имрӯз дар шаҳри Остона саммити роҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ифтихори 10- солагии таъсисёбии он ба кори худ шурӯъ кард.

Одинашо Муродов, масъули бахши матбуотии «Амонатбонк» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар баробари дигар роҳбарони баландпояи кишвар, гурӯҳи кории бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси он Гулнора Ҳасанова ҷиҳати ширкат дар саммит ба пойтахти Қазоқистон сафар кард.
Маврид ба ёдоварист, «Амонатбонк» ҳамчун намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ чанд сол боз фаъолият дорад. То соли 2008 намояндагии Тоҷикистонро дар созмони мазкур Бонки Милли Тоҷикистон ба ӯҳда дошт ва баъди саммити соли 2008 дар Душанбе ин масъулият ба зиммаи «Амонатбонк» вогузор гардид.
Иттиҳодия байнибонкии СҲШ бо мақсади ҳамкориҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ ва инкишофи муносибатҳои байнибонкии мамолики аъзо фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, «Амонатбонк» дар доираи ин ҳамкориҳо ва ҷалби бештари сармояҳои хориҷиву баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тарҳҳои зиёдро амалӣ кардааст. Тайи чор соли намояндагӣ «Амонатбонк» аз Бонки давлатии рушди Хитой ба миқдори 15 млн. доллари ИМА маблағҳоро ҷиҳати пешниҳоди қарзҳо гирифтааст. Ҳамчунин, соли гузашта созишнома оид ба пешниҳоди  33 млн. юани хитоӣ байни «Амонатбонк» ва  БДРХ ба имзо расонида шуд, ки маблағи мазкур барои рушди муносибатҳои тиҷоратии соҳибкорони ватанӣ масраф мешавад. Дар робита ба ин «Амонатбонк» бори нахуст дар системаи бонкдории кишвар хати қарзиро бо юани хитоӣ ҷорӣ намуд.
{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)