Рӯзи 26-уми октябри соли равон дар саросари Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешавад.
Юсуф Азизов , масъули Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки вобаста ба таҷлили ин ид маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намудааст. Дар банди якуми қарори мазкур омадааст, ки Иди Қурбон дар тамоми қаламравӣ кишвар 26-уми октябр ҷашн гирифта шавад. Мувофиқи банди дуюми қарор вақти баргузории намози Иди Қурбон соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ муайян карда шудааст.
Мӯҳр