Алишер Носиров сарнозири раёсати пешгирии ҳолатҳои коррупсионии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар феҳристи пок қарор дорад ва аз ҷониби ин агентӣ дар фурудгоҳи Душанбе ягон ҳодисаи характери коррупсионӣ дошта ба қайд гирифта нашудааст.
Номбурда ин нуктаро зимни вохӯрии кормандон ин фурудгоҳ бо намояндагони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иброз доштааст.
Аз маркази матбуотии фурудгоҳи мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳамчунин дар ин мулоқот Шодком Турсунов, сарнозири раёсати пешгирии коррупсияи агентии мазкур иброз доштааст, ки имрӯз коррупсия ба хатари умумиҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Номбурда оид ба мафҳуми коррупсия, сабаб ва ҳолатҳои пайдоиш ва инкишофи он маълумот дода иброз дошт, ки дар сурати пешгирӣ накардани ҳолатҳои коррупсионӣ ҷомеа ба мушкилоти зиёд гирифтор мешавад.
Манбаъ мегӯяд, Алишер Носиров, сарнозири раёсати пешгирии ҳолатҳои коррупсионии агентӣ вобаста ба чорабиниҳои гузарондашуда бобати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ибрози ақида намуда, таъкид кардааст, ки ҳар як корманд дар ҷойи кор вазифадор аст бо дасту дили пок меҳнат намояд.
Мавсуф оид ба ҳолатҳои мавҷудаи коррупсионӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот дода, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар муносибат ва муошират бо мусофирон, хусусан бо меҳмонони ба Тоҷикистон меомада боэҳтиром бошанд: «Кормандони агентӣ маводи танқидии ВАО-ро мутолиа намуда, пайваста меомӯзанд ва дар аксари маврид аз мақолаҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор мегарданд мавриди санҷиш қарор медиҳанд».
Мӯҳр