Сониҳаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар мунҷар ба марги дучархарони ноболиғ гардид.
Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тахминан соати 18:15 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Элантра» Мурод Урунови 44 сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Қизил-қалъа-Чарбуч дар километри 84-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ Умедҷон Мудинови 14 солара пахш намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар захм бардоштааст.
Мӯҳр