Имрӯз дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони сохторҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст Рустам Назаров, роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент намояндагӣ мекунад.
Дар назар аст, дар кори ҷаласа фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони сохторҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2012 ва дурнамои кори он дар оянда баррасӣ шавад.
Мӯҳр