Бахшҳо

Дементевский: Боз мехоҳам як бори дигар ба Бадахшон равам

«Аз самимияту меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла манзараҳои хотирмони кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшон боз ҳам нияти сафар ба Тоҷикистонро дорам».

Иван Дементевский, рӯзноманигор-аксбардори рус, ки чанде қабл аз Тоҷикистон дидан кардааст, дар ин бора зимни як чорабинӣ бо номи «Тоҷикистон: фарҳанг ва суннатҳои Бадахшони Кӯҳӣ» дар шаҳри Маскав иброз дошт.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Русия ташкил карда шуд. Дар  чорабинӣ донишмандон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими Русия, донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии шаҳри Масква, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва корманди Сафорати  Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ширкат доштанд.

Манбаъ афзуд, дар оғоз корманди Пажуҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия, донишманди шинохта Боғшо Лашкарбеков бо унвони "Помир - боми ҷаҳон" маърӯза намуда, сипас рӯзноманигор-аксбардори рус Иван Дементевский, ки чанд моҳ пеш аз ин ба Тоҷикистон сафар карда буд, суханронӣ намуд. Ӯ аз сафардидаҳояш ба Бадахшон, ки аз роҳи Қирғизистон ба он ворид гардида, давоми чанд рӯз ҳаёти мардум    ва табиати нодиру дилбари ин қисмати Тоҷикистонро бо чашми сар дидааст, аз рӯйи аксҳои бардоштааш, муфассал ҳикоят намуд.

Иван аз самимияту меҳмоннавозии мардум, табиати нотакрор, аз ҷумла манзараҳои хотирмони кӯҳҳои сарбафалак ва обу кӯлу дарёҳо сухан ронда, таъкид кард, ки боз ҳам дар сар нияти сафари Тоҷикистонро дорад ва ин бор мехоҳад ба муддати бештар он ҷо бимонад, то аз он диданиҳо зиёдтар баҳравар гардад.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)