Ғоратгарӣ дар назди масҷиди «Шайх Маслиҳаддин»-и шаҳри Хуҷанд ва он ҳам дар рӯзи равшан.
Мирзоазиз Холиқови 25-сола, ки феълан бекор аст, дар кӯчаи Шарқ аз хонандаи синфи 8, Музаффар Қодиров ба тариқи зӯроварӣ 300 сомонӣ пули нақд ва 2 адад телефони мобилии тамғаи «Флай» ва «Блутус», ки ба модараш таалуқ доштаанд, ҷамъ ба маблағи умуми 420 сомониро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, мақомоти маҳаллии интизомӣ оҷилан ба кофтукоби гумонбар сафарбар шуда, тайи муддати кӯтоҳ ӯро боздошт кардаанд. Аз шаҳрванд Мирзоазиз Холиқов маводи рабудашуда, пул ва далели шайъӣ гирифта шуд. Тафтишоти парвандаро муфаттишони РКД-и вилояти Суғд ба зимма доранд.
Мӯҳр