Аз субҳи имрӯз, 1-уми ноябр шабакаи телевизионии «Пойтахт» ба пахши барномаҳои шабонарӯзи гузашт.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори тозатаъинтихоби ин шабака ба Озодагон гуфт, алъон бештар аз 40 нафар мутахассиони қавӣ ба кор ҷалб шудаанд ва ин тасмим ба таври марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Номбурда иброз дошт, ки фаъолият ва пахши барномаҳои ин шабака умуман дигар мешавад: «Мутобиқ ба телевизиони қарни 21, се омили асосӣ-иттилоот, фароғат ва маънавиёт, ки ҳоло телевизионҳои ҷаҳон аз рӯи ҳамин омилҳо фаъолият мебаранд, «Пойтахт»-ро низ ҳамин гуна роҳандозӣ мекунем».
Манбаъ мегӯяд, формати телевизиони «Пойтахт» дигар шуда, зимни гузаштан ба пахши шабонарӯзӣ барномаҳои қаблӣ такрор намешаванд, балки барномаҳои наву тоза пахш мегарданд.
Мӯҳр