Бахшҳо
10 ноя 2012 05:16Адабиёт

Хуршедро табрик кун

Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан,То ҳол натавонистааст одам чу одам зистан.Инак, Сиёвушони нав берун зи оташ н-омаданд,Дар ин ҷаҳони рӯсабӣ натвон чу Марям зистан.


Бигзаштам аз умри абад, узрам неҳ, эй ёри самад,
Боре ҷавонмардӣ бикун, бигзор як дам зистан.
Аз дурдасти кибриё он ёр фармояд маро
Бо лӯъбатони бешарар дар ин ҷаҳаннам зистан.
Хуршедро табрик кун бо ҷашни милёнсолагӣ,
Бахт аст, эй яктотарин, бо ту дар олам зистан.
Дар ибтидо будам зулол, охир чаро гаштам залил,
Мехостам, мехостам зебо чу шабнам зистан.
Шояд бақои як нафас беҳ бошад аз умри абас,
Ҳаргиз надорад моҳият бисёр ё кам зистан.
Фардо насиби мову ту андӯҳи танҳо мурдан аст,
Ҳоло биёб, эй ҳамзамин, шодии бо ҳам зистан.

Роҳхат ба зистан…

Биё ба вақти тулӯи шукуфаҳои сафед,
Ту, эй савори саманди тилоии хуршед.
Биё, ки омаданат раҳхате ба зистан аст,
Барои ин дили бисмил, ки аз ҷаҳон бибурид.
Биёву бар ҳунарам бин, ки бозгӯ бикунам,
Ҳар он чиро, ки нагуфтиву гӯши ман бишунид…
Бикун уручу барафрӯз шамъи анҷумро,
Ба рӯи шаб, ки бувад гӯри офтоби шаҳид.
Кунун, ки ҳанҷари Баҳром хун бирафшонад,
Шикаста чангу буридааст панҷаи Ноҳид.
Биё ба маҳфили ин пошхурдагони ғариб,
Ки дар паёми ту хонам ҳамосаи тавҳид.
БИМОН, ки дар лаби ман ҳам бимонад ояти ишқ,
Бизӣ, ки дар дили ман ҳам зияд фурӯғи умед.
Зи роҳи ҷон бирасидӣ, чи марҳамат кардӣ,
Ба ҷон, ки ҷони ту нозам, азизи тозанавид.
Биё ба боғи дилам мужда деҳ чу ҳудҳуди бод,
БИЁ ба вақти тулӯи шукуфаҳои сафед

Биё

Субҳи меърочи шабнам аст, биё,
Зиндагӣ як ҳамин дам аст, биё…
Омад аз осмону вопас рафт,
Шабнам-Исии Марям аст, биё.
Тундбоде ҷанозаи гул бурд,
Дар чаманхона мотам аст, биё…
Лутф кун, эй абири лоҳутӣ,
Ба димоғе, ки маҳкам аст, биё.
Аз ту ёқути сурх бистонам,
Ки дар он исми аъзам аст, биё.
Хурданӣ нест, диданист биҳишт,
Вақти ислоҳи Одам аст, биё.
Вом гир аз тулуъи оина,
Ки ба нурат мусаллам аст, биё.
Ту наё, варна сад маҳал оӣ,
Боз гӯям, ки ин кам аст, биё…
Ба мани ташна аз ҳузури ғайр
Эй ки ғайби ту маҳрам аст, БИЁ!

Маъзарат

Дар рӯи пуштаҳои ҷигартоби ғарқи хоб,
Хуршед кокулони зарафшони хешро,
Оҳиста баркушода парешон намудааст.
Аз пушти пардаҳои ҳарири сапеди субҳ,
Рӯзи наве ҷамоли муборак кушудааст.
Бо дардҳои кӯҳнаву бо орзуи нав,
Бо чашми роҳбуридаву бо қалби гумраҳе,
Ман боз пушти шиша нишеман гузидаам.
Дар кӯча хуни сабзи баҳорон дамад, вале,
Ман фориғ аз дамиданаму орамидаам.
Эй рӯзи нав, ки чеҳраи худ боз кардаӣ,
Узрам бинеҳ ки менигарам бар ҷамоли ту,
Бегонавор аз паси оинаҳои сард.
Хуршедро салом диҳад гунаҳои зард.
То кай канора ҷӯям аз оғӯши гарми ту
Бетоб нестам.
Бетоб нестам.
Осудаҳол дар панаҳи хоб нестам.
Аммо чун офтоби хазондида коҳилам,
Нуре гузар намекунад аз равзани дилам.
Ҳайфо, ки сардҷонам, аё рӯзи гармхун,
Ҳайфо, ки навҷавонаму аз ишқ ғофилам.

Башорати нав

Ман дар ин қаҳтии имону қиматии ишқ,
Ҳама муҳаббати худро ба Шумо, эй мардум, ройгон мебахшам.
Ба Шумо ҳамгузарон,
Ки аз дуконҳои картонии худ
ба ҷаҳон менигаред
ва ман меандешам
магар дар ин хонаи коғазии бебунёд
мешавад зиндагиро сахт оғӯш кашид,
мешавад ба висоли баҳори сабз расид,
мешавад орзӯҳои ҳарире густурд,
мешавад шохсори хотираҳоро ларзонд
бо насими нафиси ёди касе.
Мешавад бепарво
Рафтани умрро мушоҳида кард?
Аммо наметавонам
Шуморо аз ин дукони залолат наҷот бахшам.
Ба Шумо, пурҷигарон,
мардҳои ҷавлонгоҳ,
Ки дар захираатон ҳар чи меҳрубони ҳаст,
Дар кӯчаҳо ба чор тараф пош медиҳед.
Вақте ба хона меоед,
Дар кӯлборатон фақат дашном мондааст.
Ба Шумо, ҳамсафарон,
Ки аз саҳар то шом
Аз як мағоза то мағозаи дигар шитоб мекунед
Дар ҷустуҷӯи коло
Ин гуна мешитобам
Ман низ бо Шумо.
Аммо чи қадар мову шумо таъхир кардем
дар ин чаҳорсӯ
дар ҷустуҷӯи ҳамдигар,
дар ҷустуҷӯи худ,
дар ҷустуҷӯи Ӯ
Ба Шумо, навнигарон,
ки барномаи ҳастии башарро мехоҳед
андаке таҳрир кардан.
Лек барномасози гардун
Балки барномасозҳои заминӣ нагузоранд
Ин кӯҳнаработи номукаммалро
нав ба нав таъмир кардан
Ман дар ин сахтии имон
дар дил андӯхтаам
сад хирман кӯҳи меҳрубониро
Биёед, аввалин рӯзи офаринишро ёд кунем
Яъне дар ибтидои асри бисту як
Бори дигар башорати тулӯи ишқ расонем
зиндагониро.

Садои ишқ!

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун,
Маро фаришта кун, оре, маро ҳам инсон кун.
Биё ба чашми ғизолам набераи Маҷнун,
Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун.
Куҷо равам, ки раҳо ёбам аз ҷаҳолати хасм,
Маро бигиру ба сандуқи сина пинҳон кун.
Чи шабнамона ба рӯи кафи ту меларзам,
Чу ман ҳақиқати шаффофи хеш урён кун.
Шумораи тилифуни маро зи борон пурс,
Зи пушти панҷараи сабзи ёд тилфон кун.
Агар ба дидани ман оӣ, эй масеҳонафас,
Ҳазор сузани хуршед дар гиребон кун,
Ту беҳ зи ман бишиносӣ тариқати рафтан,
Салоҳи туст, ҳар он чи ту хостӣ, он кун.
ФАРЗОНА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)