Дар ҷумҳурӣ камбуди семент эҳсос мешавад, зеро бузургтарин корхонаи тавлидотии ин масолеҳ- «Тоҷиксемент» бо зарфияти на бештар аз 20%-и иқтидори истеҳсолиаш фаъолият мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, ин норасоӣ дар як сол баробар ба 600-700 ҳазор тонна дар як сол мебошад.Айни замон талаботи ҷумҳурӣ ба семент 1,5 млн. тонна аст. Ба гуфти манбаъ, корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон ба иллати мушкилоти таъминот бо сӯзишворӣ ба қонеъ сохтани ин талабот қодир нестанд ва маҳз бо сабаби ҷой доштани мушкилот дар интиқоли гази табиӣ ва гарон будани он, «Тоҷиксемент» ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш додаст.
Ҳамзамон, ба ғайр аз камбуди семент болоравии арзиши он низ дар бозорҳои кишвар мушоҳида мешавад. Таври мисол, нархи 1 тонна семент аз 950 то 1000 сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс ба соли гузашта 50 сомонӣ зиёдтар аст.
-Ҳаҷми солонаи итеҳсоли семент дар Тоҷикистион аз 400 ҳазор тонна зиёд нест. Дар робита ба афзоиши ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар кишвар, ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2015 истеҳсоли семент дар дар Тоҷикистон то ба 2,5 млн. тонна расонида шавад,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр