Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, парвандаи раиси бахши ҳизб дар шаҳри Хоруғ ҷанбаи сиёсӣ дорад.
Номбурда зимни як нишасти матбуотӣ, ки дар қароргоҳи ҲНИТ имрӯз бо ташаббуси Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Шерик Карамхудоев сурат гирифт, чунин иброз дошт: «Агар дар бораи Шерик Карамхудоев ҳамчун сокини оддии шаҳри Хоруғ сухан мегуфтанд, мо инро парвандаи сиёсӣ намешуморидем, лекин дар ҳама гуна маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ӯ ба сифати раиси бахши шаҳрии ҳизб ҳарф мезананд ва ба мо ҳамчунин маълум аст, ки аз ӯ додани баёнот барои истифода зидди ҳизбро талаб кардаанд, вале ӯ ин корро накардааст».
Масъули ҲНИТ ҳамчунин изҳор кард, ки тибқи иттилоъи вакилони мудофеъ дар бадани Карамхудоев осори лату кӯб боқӣ монда, онҳо истифодаи шиканҷа нисбати ӯро аз эҳтимол дур намедонанд.
Ба қавли Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Карамхудоев, муддати 5 моҳе, ки ҳамсараш дар тавқифгоҳ аст, боре ҳам дидори ӯ барояш муясссар нагардидааст: «Ҳар дафъае, ки ман барои ӯ чизе мебарам, бо зане вомехӯрам, ки писараш барои ҷинояти вазнинтаре гумонбар шудааст, вале муддати ҳар 15 рӯз ба ӯ барои дидор бо писараш иҷоза медиҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки маро боре ҳам ба дидор бо ҳамсарам иҷоза надоданд. Ман чунин муносибатро намефаҳмам, магар мо ҳам мисли он зан шаҳрванд нестем?».
-Ба айбҳои нисбатдода ба шавҳарам низ розӣ нестам, зеро зимни аз хона берун рафтан, ӯ бо худ силоҳ надошт ва умуман ӯ ба ҳеч кадоме аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша шомил нест,-афзуд Шаҳбозбекова.
Ёдрас менамоем, тибқи иттилоии пешакии ҳимоятгарон, Шерик Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш.Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад.
Мӯҳр