Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар кишвар 26 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 17 нафар зиёд аст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ дод, ки аз аввали соли равон то ҳол 305 ҳолати фавқулода рух додааст: «Аз ин шумора- заминларза-29 ҳолат, тармафароӣ- 114, сел- 91, ярҷ- 19 ва ғайраҳо рост меоянд».
Гуфта мешавад ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода нисбати соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин манбаъ иттиллоъ дод, ки соли 2011 ҳамагӣ 99 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи фавтидагон аз офатҳои табиӣ давоми соли гузашта 9 нафарро ташкил намудааст.
Мӯҳр