Шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида ва 4 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.
Тавре ба Озодагон Маҳмадшариф Шамсов, корманди Хадамоти матбуотии бозрасии давлатии автомобилӣ хабар дод, имрӯз, 16-уми ноябр тақрибан соатҳои 07-20 дар шаҳри Кӯлоб садами нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он Далер Нуралиеви 10 сола ба ҳалокат расид: «Ронанда Мустафо Достиев бо нақлиёти «Дево сило» ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Исмоили Сомонӣ пиёдагарди ноболиғ Далерро зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса мефавтад».
Маврид ба зикр аст, аз аввали соли равон то имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон 1 ҳазору 194 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 386 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 330 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.
Мӯҳр