Духтари 19-солаи ситораи мусиқии попи Амрико Ҷон Бон Ҷовиро пулиси штати Ню-Йорк барои нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардааст.
Стефанӣ Роуз, ки яке аз чор духтари сарояндаи маъруф мебошад, баъди истеъмоли аз меъёр зиёд ҳолати беҳуширо дар бемористон пушти сар кард ва чун бо кӯмаки тиббӣ ҳолаш беҳ шуд, пулис барои нигаҳдории мухаддирот ӯро ба ҳабс хоҳад гирифт.
Тавре Сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовар менависад, Стефанӣ Роуз дар Hamilton College донишҷӯст ва соатҳои наздик бояд аз бемористон ҷавоб дода шавад.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарикдарсони Стефанӣ замоне пулисро даъват карданд, ки баъди истеъмоли ҳероин ҳолаш бад мешуд. «Соат дуи шаб буд ва пулис фавран баъди интиқолаш ба бемористон дар хобгоҳ кофтуков гузаронд. Аз ҷойхоби ӯ ба миқдори муайян героин пайдо карданд. Ҳамчунин, аз дӯсти вай бо номи Йан Грант, ки паҳлӯи ӯ меистод, ҳероин ва марихуанна кашф ва мусодира намуданд».
Маъмурияти коллеҷе, ки Стефанӣ дар он таҳсил мекунад, гуфтааст, ки барои онҳо амнияту бехатарии донишҷӯён муҳимтар аз ҳама чиз аст, аз ин рӯ бо пулиси минтақа ҳамкорӣ мекунад”.
Мӯҳр