Бахшҳо

Баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл»

Дар назар аст, 27-уми ноябри соли равон муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл» дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  баргузор гардад.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират  ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҷараёни баррасии ин лоиҳа тамоми паҳлӯҳои қонуни мазкур, мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар, Созмони Байналмилалӣ Муҳоҷират, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, ичунин ҷомеаи шаҳрвндӣ иштирок мекунанд.

Бояд зикр намуд, ин бори аввал нест, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл» дар Душанбе ба баррасиву муҳокимаи коршиносон кашида мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба баррасии ин лоҳаи чанде қабл Абдулхайр Ғафуриён, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент иброз дошт, ки тибқи муқарароте, ки дар тарҳи қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, дар Тоҷикистон дар баробари агентиҳои шуғли аҳолии давлатӣ минбаъд ҳамчунин агентиҳои хусусиии шуғли аҳолӣ ҳам бояд фаъолият намоянд: «Вале мутаасифона дар ҷумҳурии мо ин гуна агентиҳо ташкил нашудаанд. Зеро то ҳанӯз дар Тоҷикистон фазои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ вобаста ба таъсиси ин агентиҳо  вуҷуд надорад».

Номбурда таъкид намуд, ки теъдоди субъектҳои хоҷагидоре, ки оид ба содироти нерӯи корӣ ба хориҷа иҷозатнома доранд ба 70 мерасад, вале аз ин шумора ҳамагӣ 23-24 тоаш фаъол аст, ки бевосита ба содироти нерӯи корӣ машғуланд.

Ба қавли Абдулхайр Ғафуриён, мувофиқи пешниҳодҳои ироашуда ба ин лоиҳа агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ мисли марказҳои шуғли аҳолии давлатӣ барои ба кор таъмин намудани мардум, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар машғул хоҳанд шуд: «Гузашта аз ин дар лоиҳаи мазкур як қатор муқарарот пешниҳод гардидаанд, ки дар он ҷо тартиби ташкил, номнависӣ, инчунин намудҳои фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст».

Бархе аз коршиносони масоили иҷтимоӣ қабули қонун «Дар бораи Агентиҳои хусусии шуғл»-ро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки фаъолияти муассири чунин агентиҳо дар рушди иқтисод ва пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)