Бар асари сӯхтор дар хобгоҳе дар шаҳри Долгопруднии вилояти Маскави Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтарчаи 4 сола ба ҳалокат расидаанд
Дар ин бора ба Озодагон аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, инҳо Саодат Исмоиловаи 22-сола ва Зарнигор Исмоиловаи 4-сола будаанд, ки дар ин хобгоҳ ба таври муваққат ба сар мебурданд: «Бо иллати ба вуҷуд омадани расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар фурӯшгоҳи асбобҳои рӯзгор, ки дар ошёнаи аввал воқеъ буд, сӯхтор ба амал омада, хобгоҳ низ ба коми оташ рафтааст».
Мӯҳр