Ин бону зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир шудааст.
Аз Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки шаби 7-уми ноябри соли равон нафари боздоштшуда бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес» 1500 доллари амрикоиро дуздида аз макони ҳодиса ғайб мезанад: «Дар ин бора ба мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа шаҳрванд Хуршед Шарипови 37 сола, сокини ноҳияи Бохтар муроҷиат намудааст».
Манбаъ мегӯяд, бонуи боздоштшуда Нилуфар Қурбоноваи 20 сола, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад.
Гуфта мешавад, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.
Мӯҳр