Шоми имрӯз, 23-уми ноябр боз як мағозаи хӯрокаворӣ дар Душанбе сӯхта ба хокистар мубаддал шуд.
Ин мағоза дар рӯ ба рӯи «Сирк»-и пойтахт, дар тарафи чапи «Агроинвестбонк» ҷойгир буда, феълан нафарони зиёде аз дохили он хокистар, ҷӯбу тахтаи ба коми оташрафтаро ба беруни мебароранд.
Ба қавли шоҳидони ҳодиса ин сӯхтор ҳамин шаб, тахминан соати 2 ба амал омадааст.
Сабаби сар задани ин сӯхтор ҳоло маълум нашудааст ва мақомот дар макони ҳодиса фаъолият доранд.
Мӯҳр