Дар ҳукумати вилояти Суғд бо ширкати Қоҳир Расулзода ва муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори Озодагон аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, дар нишаст масоили марбут ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани сӯзишворӣ ва ангишт, саривақт холӣ намудани майдонҳо аз ғӯзапоя ва гузаронидани шудгори тирамоҳӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилоят дар фасли тирамоҳу зимистон, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамазамон, оқои Қоҳир Расулзода ба меъморону лоиҳакашон супориш дод, то мутобиқи дастури президент дар назди Кохи Арбоб лоиҳаи бунёди фароғатгоҳро барои кӯдакон омода намоянд.
Мӯҳр