Вазири дифоъи Исроил гуфтааст, ки пас аз баргузории интихоботи умумӣ дар он кишвар аз мансаби худ истеъфо медиҳад.
Ин нуктаро номбурда рӯзи гузаштаи 26-уми ноябр, дар як нишасти хабарӣ дар Тел-Авив иброз дошт. Ба гуфташ, пас аз баргузории интихоботи парлумонӣ дар 22-уми январ аз фаъолиятҳои сиёсӣ канорагирӣ мекунад: "Тасмим гирифтам, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ канорагирӣ кунам ва дар интихобот ширкат накунам. Мехоҳам дарс бихонам, бинависам ва вақти бештареро бо хонаводаам бигзаронам." Эҳуд Барак таъкид кард, ки то замони ташкили давлати ҷадид дар мақоми вазорати дифоъ боқӣ хоҳад монд.
Гуфта мешавад, ин тасмими Барак ба маънои поён ёфтани фаъолиятҳои 53-солаи ӯ дар арсаи низомӣ ва сиёсии Исроил аст.
Эҳуд Барак аз соли 1991 то 1995 ба симмати фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Исроил ва аз соли 1999 то 2001 нахуствазири ин кишвар буд.
Мӯҳр