Дар ин бора Асомуддин Аттоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон зимни посух ба пурсишҳои хабарнигори Озодагон иброз дошт.
Номбурда мегӯяд, фикр мекунам, ки ташаббус аз худи Танзимгари соҳа бармеояд. Агар фармон аз боло мебуд, ягон сабаби муайяне медошт: «Лек ҳоло бошад сабабаш номуайян асту ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дахле надорад. Бубинед, ки Хадамоти алоқа сабаби чунин бастанро “корҳои профилактикӣ” нишон додааст. Аз он ки профилактика маъниаш пешгирӣ намудани чизест бармеояд, ки дар ин сурат, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоеро ба анҷом расониданист, ки пешгирикунандаи хатаре ё амалест».
Ҷаноби Аттоев афзуд, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарон аз “бесоҳибиву беназоратӣ”-и Фейсбук асту мехоҳад бо бастани он дар Тоҷикистон соҳибашро ёфта, андоз ситонад ва бо ҳамин роҳ амниятро дар кишвар таъмин намояд…
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ пайдо карда метавонед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16810
Мӯҳр