Дар рустои Марҳамати ноҳияи Ашт як таълимгоҳи ибтидоӣ ба истифода дода шуд.
Мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи аз синфи 1 то 4 фароҳам оварда, 4 муаллим ва директори мактабро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд.
Тавре ба Озодагон аз Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, мактаби мазкур аз ҷониби барномаи “Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон” (ББСТ)-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохта шудааст.
Дар маросими ба истифода додани бино, намояндаи USAID хонум Макдоналд қайд намуд, ки: «Ягон давлат бе дастгирии ҷавонони бомаърифат қуллаҳои баланди пешравиҳоро фатҳ ва сатҳи қашшоқиро паст накардааст. Аз ҳамин сабаб, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки фарзандонамон соҳиби маълумоти босифат шаванд. Бахусус, ин барои духтарон муҳим аст, зеро онҳо на танҳо шаҳрванди фаъол бояд бошанд, балки бояд модарони бомаърифат шаванд, то ки фарзандони босаводро ба камол расонанд».
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ашт, Азимбой Азизов, раиси ҷамоати Ошоба, Абдулҳай Муминов, волидон, кӯдакон ва аҳолии маҳал низ иштирок карданд.
Мӯҳр