10 килограмм маводи мухаддира дар бордони мошин ва сайругашти соҳиби он дар шаҳри Душанбе дер давом накард.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Оҷонсии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, сарнишини 46-солаи нақлиёти тамғаи “Муссо” дар бордони мошинаш 7 бастаи ҳашишро нигоҳ медошт. Кормандони фаврии ниҳоди мазкур мухаддаротро мусодира карданд. Ташхиси озмоишгоҳ нишон дод, ки миқдори умумии нашъа баробар ба 10 килограмм аст. Манбаъи хабар афзуд, ҳар бастаи тахташакли мухаддарот бо хати хонои арабӣ оро ёфта буд.
Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ тибқи моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан калон бо мақсади фурӯш) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва дар нахустин соати тафтиш муайян карда шуд, ки ин миқдор маводи мухаддир аз ВМКБ ба пойтахти кишвар ба қасди фурӯш ва ё интиқол ворид карда шудааст. Дар айни замон барои муайян кардан ва боздошт намудани шахсони дигари ба ин амал дахлдор чораҳо андешида мешаванд.
Мӯҳр