Бахшҳо

Донишмандони тоҷик дар VIII-умин ҳамоиши мусалмонӣ дар Маскав

«Ҳамбастагии ҷомеаи мусалмонони кишварҳои ИДМ: дастовард ва ҳадафҳо», таҳти чунин унвон дар шаҳри Маскави Русия ҳамоиши VIII-уми мусалмонӣ баргузор гардид.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш арбобони дин, намояндагони ниҳодҳои расмии Русия, донишмандону таҳлилгарон, намояндагони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, кишварҳои соҳили Балтик, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳайъати дипломатии муқими Маскав (аз ҷумла, сафорати Тоҷикистон) ва хабарнигорон иштирок намуданд.

Раиси муфтиёти Русия, шайх Р. Ғайнуддин чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, директори пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Русия В. Наумкин, муфтии Литва, раиси Идораи дини Қирғизистон, муовини муфтии Қазоқистон, узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия Р. Гаттаров, иддае аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ва нафарони дигар дар бораи аҳамияти ҳамоиш, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мусалмонон, нақши тарбияву омӯзиш, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ, ба хусус дар паҳнои кишварҳои ИДМ,  изҳори назар карданд.

Манбаъ мегӯяд, дар чаҳорчӯби нишасти мазкур ду конфронс-яке - V-умин конфронси байналмилалии омӯзишӣ бо номи «Андозаҳои байналмилалии омӯзиши исломӣ дар Русия» ва дигаре Конфронси илмию амалии «Навсозӣ ва анъанаҳо дар олами мусалмонон дар ростои дигаргуниҳои ҷаҳонӣ»  сурат гирифт: «Дар конфронси дуюм, дар бахши якум «Такомули уммати ҷаҳонӣ: ҷанбаҳои динӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ»-ро ёвари Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии он Академия Файзулло Бобоев бо маърӯзае зери унвони «Қуръоншиносӣ ва илми ҳадис дар Тоҷикистон» баромад кард».

Донишманди тоҷик дар бораи тарҷумаи пешинаи Қуръони шариф ба забони тоҷикӣ- форсӣ дар дарозои таърих сухан ронда, аз тарҷумаҳои шифоҳӣ, ки то садаи X роиҷ буд, ибрози андеша намуданд.

Донишманди тоҷик аз таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва барномаҳои омӯзишии он, бахусус таваҷҷӯҳи хос ба омӯзиши Қуръони шариф ва ҳадисҳо дар он донишкада низ ёдовар шуданд.

Дар фарҷоми ин нишаст ду нусхаи дастхати қадимтарини Қуръони карим (дар шакли электронӣ) мансуб ба асри XIII ва XVIII ва дорои тарҷумаи таҳтуллафзии тоҷикӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)