Бахшҳо

Умед Бобохонов, раҳбари «Азия плюс» 50 сола шуд

«50 сола шудам ва аз ин 25 солаш дар журналистика гузаштааст, оё вақти он нарасидааст, ки соҳаи фаъолиятамро дигар кунам…»,- иброз медорад, раҳбари ширкати медиа-ҳолдингии «Азия Плюс».

Дар посух ба суоли хеш мегӯяд: «Ба фикрам пир нашудаам ва имкон дорад, ки дар кадом як соҳаи дигар низ малакаву ҳунари худро бисанҷам. Ҳоло ба хулосаи аниқ наомадаам, ки он бояд кадом соҳа бошад, аммо тағйирот дар зиндагии худро зарур мешуморам».

Маврид ба ёдоварист, Умед Мансурович Бобохонов, журналист, муассис ва бунёдгузори Гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» имрӯз, 29-уми ноябри соли 2012 ҷашни мавлуд дорад. Ӯ соли 1962 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 8-и пойтахт ба номи Павловскийро хатм кардааст.Пас аз хатми донишгоҳи олӣ фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи маъруфи шӯравӣ -«Комсомолская правда» оғоз карда, соли 1995 нахустин оҷонсии иттилоотии мустақили ватаниро бо номи «Азия плюс» таъсис додааст.

Баъдан, доираи фаъолият ва стратегияи онро тавсеа бахшида, радиои ҳамном ва ҳафтаномаи «Азия плюс»-ро бунёд гузошт. Бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ ин расонаҳо маҳбубият касб карда, аудиторияи худро дар Тоҷикистон пайдо карданд. Нақш ва таъсири Гурӯҳи расонаҳои мазкур дар ҷомеъаи Тоҷикистон муассир ва эҳсосшаванда аст.

Аз идора: Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» рӯзноманигори ҳирфаӣ, муассис ва раҳбари медиа-ҳолдинги «Азия плюс» Умед Бобохоновро ба муносибати 50-умин солгарди умри бобаракаташ таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои навро дар роҳи расидан ба қуллаҳои эҷод таманно дорад.   






Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)