Ассотсиатсияи мазкур тариқи Барнома оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ташкил шудааст, ки барои зиёда 25 ҳазор истиқоматкунандагони ин ноҳияи аз ҷиҳати озуқаворӣ танқисидошта дастрасии устувор ба обро таъмин хоҳад кард.
Тавре ба Озодагон аз Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, Кэтлин МакДоналдс, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (USAID) дар маросими ифтитоҳи расмии идораи мазкур ширкат варзид.
Мақсади ташаббуси Ҳукумати Амрико “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ва Барномаи USAID хоҷагидории деҳқонии оилавӣ - беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва камхӯрӣ тариқи рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани ғизои солим – махсусан дар байни кӯдакони хурдсол ва занон дар 12 ноҳияи ҷанубу ғарби вилояти Хатлон мебошад. Барои расидан ба ин мақсад, USAID ба деҳқонони Тоҷикистон барои беҳтар намудани таҷрибаи идораи оби полезӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2010, Барномаи USAID оид ба хоҷагидории деҳқонии оилавӣ 11 Ассотсиатсияи истифодабарандагони обро дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хисрав, Румӣ, Ҷиликул ва Вахш созмон додааст, ки ба 26,304 гектар замин ва 193,000 сокинони ин ноҳияҳо манфиат хоҳад овард.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |