Бахшҳо

Таслияти сафорати Тоҷикистон ба Гавҳар Ҷӯраева

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба президенти Бунёди “Тоҷикистон”, узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федеролии Русия оид ба муҳоҷират ва узви Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Гавҳар Ҷӯраева бино ба даргузашти модараш - Лола Исмоилова изҳори ҳамдардӣ намуда, ба аҳли оила ва пайвандони ӯ номаи таслият ироа дошт.

Дар таъзияномаи сафорат аз ҷумла омадааст: «Лола Исмоилова беш аз 60 сол ба ҳайси “маликаи зебоӣ” дар дилу хотираи мардум маскан гирифта буд». Охири соли 1949, пас аз рӯи яке аз шумораҳои маҷаллаи маъруфи даврони шӯравӣ “Огонёк” нашр шудани акси Лола Исмоилова, ӯ чун зеботарин бону шинохта шуд ва аксбардор Олег Кнерринг, ба шарофати ин акс, ҷоизаи беҳтарин аксбардор дар соли 1949-ро шарафёб гардид.

Баъди он, Лола Исмоилова, чун олиҳаи ҳусну малоҳат дили ҳазорон ҳазор одамони касбу кори гуногунро тасхир намуда буд, ки дар ин миён метавон аз шахсиятҳои маъруф, монанди адиб ва аккос Петр Пилшиков, оҳангсози номдор Алберт Гординский, муҷассамасоз Петр Миргородский ва дигарон ном бурд. Соли 1950 П. Миргородский пайкараи ӯро офарид ва он чун рамзи зебоии зан дар Қрим гузошта шуд...

Хотираи неки Лола Исмоилова дар дили ҳар касе, ки ўро мешинохт, абадӣ зинда мемонад.

Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз қабл дар Душанбе, пас аз бемории кӯтоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Лола Исмоилова, ки аввалин маликаи ҳусни тоҷик ба шумор мерафт, дар синни 83-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Лола Исмоилова ҳамон бонуест, ки дипломи нахустини УДТ ба номи Ленинро дошту ҳамсари устоди (баъдан ректори) Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе Қандил Ҷӯраев буд. Гавҳар ва Зевар Ҷӯраеваҳо фарзандони ин хонаводаи бонуфуз мебошанд ва аввалӣ бо Давлат Худоназарови киносози машҳур (номзад ба маснади президенти ҶТ дар соли 1991) оила барпо кардааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)