Дар ин бора ба Озодагон аз дастгоҳи марказии ҲНИТ иттилоъ доданд. Тибқи хабари сарчашма, Шӯрои олии сиёсии ҳизб ба ин қарор омада, ин тасмимро аз сар гирифтааст:
«Таҷлили ин сана бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб сурат хоҳад гирифт. Ин ид бузургтарин ҷашн дар таърихи ҲНИТ буда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад ва ба ин муносибат ҳафтавори ҳизбии «Наҷот» моҳи апрел ҳадди аққал дар ҳаҷми 40 саҳифа ба нашр хоҳад расид.
Маврид ба ёдоварист, ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба таври пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ташкил гардида буд. Айни замон ин ҳизб беш аз 40 ҳазор аъзо дошта, дар Маҷлиси намояндагон онро ду вакил- Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |