Аз Хадамоти матбуотии сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин маросим аз қироати пораҳо аз Маснавии Маънавии Мавлои Балх, ғазалиёти ирфонии ӯ ва ашъори дигари тоҷикию туркӣ аз дигар шоирон, ки дар васфи ин мутафаккири олами Шарқ суруда шудаанд ва ҳамчунин рақсу чархиши самоъ иборат аст.
Тавре аён гардид, забони асли Мавлоно, яъне форсии тоҷикӣ имрӯз ҳам дар маросими самоъ ва ё мавлонохонӣ мақоми хос дорад.
Тибқи маълумоти муҳаққиқони маҳаллӣ дар «самоъ» пӯсти сурх дар рӯи фарш нишонаи ҳазрати Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ аст. Мавлавиҳо, яъне пайравони Мавлоно дар оғози «самоъ» ба пӯсти сурх салом дода, ба ҷояшон гузашта менишинанд.
Мавлавиҳое, ки либоси сиёҳ дар бар доранд, зиндагии дунявиро таҷассум менамоянд. Лаҳзае, ки онҳо ба «самоъ» медароянд, либосҳои сиёҳро аз тан меафкананд. Ин маънои аз ҳаёти дунявӣ дур шуда, ба ҳаёти охират ворид шуданро дорад.
Сипас як нафар сарсамоъкор назди Шайх омада, барои «самоъ» иҷозат мепурсад ва бо иҷозати ӯ мавлавиҳо ба «самоъ» оғоз менамоянд. Дар лаҳзаи «самоъ» самоъкунанда дасти рости ба тарафи боло ва дасти чапи ӯ ба поён чарх мезанад.
Ин кор маънои онро дорад, ки Худо чи файзу баракате, ки диҳад, мо онро ба мардум ва бандагонаш мерасонем. Самоъ бо тиловати оят аз Қуръони Карим ба охир мерасад ва дар охир мавлавиҳо боз ба пӯсти сурх салом дода, пушташонро нагардонда, тарки саҳна мекунанд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |