Раҳматулло Алиев, сокини 51 солаи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Шарора ба самти кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Ҳисор қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Тавре аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Оптра-Шевролет» Раҳматулло Алиев дар ҳолати мастӣ ба автомашинаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Довудхон Сатторови 49 сола, сокини деҳаи Уртабӯз, бархурдааст.
Сипас, баъди якчанд соат ронанда Раҳматулло Алиев дар назди хонааш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, мусофири автомашинаи «Опел-Астра» Одинамоҳ Зарипова, сокини ноҳияи Восеъ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мӯҳр