Дар шаҳри Самараи Русия аввалин меҳмонхона барои муҳоҷирон боз карда шуд.
Саидасрор Мирзоев, сардори Созмони тоҷикии муҳоҷирони Пайванд дар шаҳри Самара иттилоъ дод, ки феълан ин меҳмонхона муҷааҳҳаз бо тамоми шароитҳо барои 170 нафар муҳоҷирон боз шудааст ва қимати шабонарӯзии иқомат дар ин меҳмонхона 170 рубли русӣ муқаррар шудааст.
Пешниҳоди боз кардани чунин меҳмонхона аз сӯи созмонҳои ҷамъиятии пуштибони муҳоҷир, аз ҷумла созмони минтақавии тоҷикии Пайванд сурат гирифта, аз сӯи мақомоти расмии кор бо муҳоҷирини Русия амалӣ карда шудааст.
Доштани манзили муҷаҳҳаз бо шароиту арзон барои муҳоҷир зарурати аввалин аст ва минбаъд низ бо мақомоти расмии муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар самти дифоъ аз ҳақи муҳоҷирон ва пиёда намудани барномаҳои мусоидкунандаи шароити зисту будубош ва шуғли онҳоро рӯи даст хоҳем гирифт,- изҳор кард Саидасрор Мирзоев, роҳбари СҶ Пайванд.
Ҳамчунин роҳбари созмони Пайванд иброз дошт, ки феълан кӯшиши онҳо барои омода намудани муҳоҷирон барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ равона карда шудааст: «Дар назди созмон курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон ва омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Самара таъсис шудааст, ки метавонад барои муҳоҷирон кӯмаки ҷиддӣ расонад».
Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта мақомоти муҳоҷирати минтақаи Маскав низ аз сохта шудани 6 меҳмонхонаи арзон барои муҳоҷирон дар минтақаҳои берунтари шаҳр хабар доданд.
Аммо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии русиву тоҷикӣ амалишавии ин иқдомро зери суол қарор дода гуфтаанд, ки борҳост мақомот дар бораи сохта шудани чунин меҳмонхонаҳо сухан мегӯянд, аммо амалишавии он кори саҳл нест ва мақомот ҳам барои амалишавии он ба ҷуз чанд изҳорот коре намекунанд.
Мӯҳр