Шурӯъ аз 26-уми декабри соли равон интиқоли гази Ӯзбакистон барои Тоҷикистон пурра қатъ хоҳад шуд.
Ин нуктаро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон имрӯз, 25-уми декабр зимни як муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон иброз доштааст.
Номбурда ба кор андохтани системаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ва фаъол шудани онро, ки бояд бо омадани фасли сармо ба кор надохта мешуданд, ба камбуди гази Ӯзбакистон рабт дод.
Гуфта мешавад, Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбакистон ҷиҳати ҳалли ин масъала номае фиристодааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, ҷониби Тошканд мехоҳанд, тибқи созишномаи нав дар соли 2013 интиқоли газ аз сар гирифта шавад, зеро миқдори газе, ки дар соли 2012 ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ба охир расидааст.
Мӯҳр